Иди Навруз

Навруз яке аз кадимтарин идҳои точикон ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърих омадааст, авва-лин касе ки ин идро чашн гирифт яке аз подшохи форс бо номи Ҷамшед буд. Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи киштукори деҳқон ба шумор меравад. Наврӯз бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣтабдил ёфтааст. Тоҷикистон шояд тамоми ҳақродорад, ки Соли Нави худро аз Наврӯз сар кунад. Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои ОсиёиМарказӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳар иде аз ҷумла иди Наврӯз дар Тоҷикистон бо руҳи сиёсӣ доир карда мешавад. Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад. Аммо бархе аз муҳaқиқони ойинҳои Наврӯзи бар ин назаранд, ки мақомоти кишварҳои Туркзабони Осиёи Марказӣ Наврӯзро танҳо ба хотири таъмини бақои таърихии мардуми худ ҷашн мегиранд. Бо таваҷуҳ ба ин ки мардумони Осиёи Маркази равобити хуби таърихи доштанд ҷашни Наврӯз дар миёни кишварҳои туркзабонӣ минтақаи Осиёи Миёна, ба вижа Узбекҳо, Кирғизҳо, Қазоқҳo ва Туркменҳо низ дар натиҷаи равобити фарҳанги, иҷтимоъӣиқтисодӣва мавқеъи ҷуғрофигустариш ёфтаааст. Ҳоло ки дар шаҳрҳои марказӣ, Самарқанд, Бухоро, Насаф, Термeз, Деҳнав, ки мардуми Тоҷик аз қадимулайём сукунат доранд ва мардуми таҳҷоии ин мантиқ тоҷик ҳастанд, сунат ва анъаноти Наврӯз ҳифзшуда ва мардуми Узбек низ бо чунин расм аз наврӯз таҷлил ба амал меоранд. Дар манотиқи мухталифи Узбекистон ғазои наврӯзӣ- саману ё суманак, омода карда мешавад ки мардуми ин кишвар сумалак мегӯянд. Калимаи «Наврӯз» маънои «Рӯзи нав» дорад. Ин иди баҳор, якум рӯзи соли нав, рӯзи баробари Баҳор, рузҳои асосии ид аз 21 то 22-юми март мебошад. Дар ҳар як шаҳрҳо ин идро одамон бо расму русуни гуногун ҷашн мегиранд. Ҳоло дар Точикистон асосан Наврӯз аз 21 то 24-уми март ҷашн мегиранд. Ин рузҳои истироҳатӣ мебошад. Қадимтарин манбаъи иди Наврӯз — ин китоби муқаддаси зардуштиён «Авесто» мебошад. Решаи аниқ аз қадимтарини таърихи то 3000 сол пеш аз милод рост меояд. Таърихи гузаштаи Наврӯз, чихеле ки дар «Наврӯзнома» (Китоби Наврӯзии) Умари Хайём дар давраҳои таърихи шоҳигарии форсҳои давраи Пешдодиён. Дар «Шоҳнома» гузоштаи инид алоқа бо шоҳигарии Ҷамшед пайвастагӣ дорад. Чи тавре ки маълум аст дар 21 март шабу рӯз баробар шуда ба 12 соати тақсим мешавад. Вақте, ки Ҷамшед тахти тилогини худро сохт (аз рӯи достон якумин тахи дар таърихи одамизот вуҷуд дошт) дар вақти баромади офтоб дар куҳи баланд бардошта ва тилло дар нурҳои офтоб ҷилвар дода равшанӣмисли офтоб медод. Ин рӯзро Наврӯз номидан, ва ҳамчун аввалин соли нав ҷашн мегирифтанд. Дар «Наврӯзнома» гуфта шудааст Ҷамшед ин рӯзро Наврӯз номида ва ӯро ба расми оин дохил кард. Шоҳону одамон ин идро ҷашн мегирифтанд. Дар ин меросими халқӣҳамчун бузкашӣ, буҷулбозӣ, пойга, гуштинги паҳлавонҳо, ланкабозӣ, тухмзанак, арғамчинбозӣ мекунанд. Аҳамияти калон барои ороиши дастархони идона ҳатман хӯрокворӣ гузашта мешавад. Таъомҳое,ки бо ҳарфҳои «С» ва «Ш» сар мешавад гузошта мешуд. Ҳамчун қойда дар ид 2 намуди дастархон оро дода мешавад: Ин»Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» мебошад. Дар алифбои форсӣ»Син» ва «Шин» ҳарфҳои»С» ва «Ш» мебошад. Дар дини зардушти ва исломи рақами 7 ҳамчун рақами муқаддас мешуморанд. Ҳафт-синро Арабҳо дохил карданд аз сабабе ки дар ислом нушидани шароб манъ аст, лекин ҳафтсинро аз байн бурда натавонистанд. Хафт син ва хафт шин дар Навруз Хафт син . Яке аз анъанахои Наврузи ин 7 син мебошад. Хафт син ин хафт номгуи чизхоест, ки аввали саршавии онхо бо харфи — с (син) сар мешаванд. Ба инхо дохил мешаванд: 1.Сир — рамзи саломати 2.Себ — Рамзи зебоги ва саломати. 3.Сабзи — Рамзи сабзиши табиатро дорад. 4. Санчид — Рамзи ошиқи 5. Сирко — Рамзи пуртокати, ва хирадманди 6. Суманак — рамзи неруманди ва бовари 7.Сипанд. Ба ғайр аз инҳо дар дастархон аксар вақткитоби қуръон ва Шоҳнома дида мешавад. Умуман инҳо аз урфу одати ҳар миллат вобаста мебошад. Ҳар як давлат ур-фу одати худро дорад. Бинобар ин баҷои ҳафтсини номбаршуда дигар чизҳоро низ дар дастархон дида мешавад. Читавре, ки гуфтем ин аз урфу одати мардум иборат аст. Ҳафт шин — Ба ғайр аз ҳафт син дар руи дастархони Наврӯзи ҳафт шин мемонанд. Ҳафт шин ин он номгуи чизҳои руи дастархониест, ки аввали саршавии ҳарфи онҳо бо ш(шин) оғоз меёбанд. Ба онҳо дохил мешаванд: 1.Шакар 2.Шона 3.Шамъ 4.Ширини 5.Шарбат 6.Ширбиринч 7.Шир Орзуву омоли мардум на танҳо шифоҳатан бо хондани суруду таронаҳо ва рубоиҳо, балки тавассути иҷрои амалхои суннатӣ, расму ойинҳо ва инчунин дар сурати ашё, ҷонварон, меваю ғизоҳо, рангҳо, аносири табиат ваамсоли инҳо дар шакли рамз ё самбулҳо низ баён мегарданд. Ҳар як ҷашну маросими тоҷикон моломоли рамзу маъниҳои нуҳуфта, розҳои таърихию асотирии бостонӣ ва мазмунҳои печидаи ҳаётӣ мебошанд. Рамз як навъ баёни ичтимоӣмебошад, кидар шаклҳои лафзӣ, хаттӣ, тасвирӣ, ичроӣва моддӣунсурҳои асотирию мазҳабӣ, адабӣва ичтимоию фархангиро дар бар гирифта, аз як фард ба фарди дигар ва аз як насл ба насли баъдӣ интиқол ёфтаанд. Мардуми тоҷик дар гузашта ранги сафедро хамчун рамзи покиву беолоишӣ, сулҳу осоиштагӣ, осмони соф ва кушоиши кор шумурда, дар интихоби гизову ашё ва либосу ороиши хона ба он афзалият медоданд. Ниёгони тоҷикон кушиш менамуданд, ки ҳар чи бештар ин ранг дар айёми Наврӯз ба назархо расад. Масалан, ҳангоми таҳвили сол либосхои сафед ба бар мекарданд. Дар руйи суфраи наврӯзӣ шакар, шир, мост ва хурокҳои аз ширу биринч таҳияшуда мегузоштанд. Аз гушти ҷонварон, асосан, мурғва моҳиро руи дастархон мениҳоданд, ки сафедранг ҳастанд. Дар ин суфраи идонаинчунин себу сир ва санчид ҳам ҷойгир мешуданд, ки дарунашон сафед мебошад. Расми сафедгузинӣ ва рамзофарӣ дар замонҳои хеле қадим низ маъмул будааст. Бино ба маълумоти Мусо ибни Исо Ал-Хисравӣ, шоҳони сосонӣ пагоҳии рузи Наврӯз бози сафедеро парвоз медоданд ва субҳи Наврӯзро бо ошомидани шири навҷушида ва ё хурдани порае панири тоза оғоз мекарданд. Ва дар ин рӣзи Наврӯз ба шох дар обгинаи нуқрагин об мебурданд.Чун Наврӯз пешонаи фасли баҳор аст, мардуми куҳистон асосан дар айёми Наврӯз шуруь ба корҳои кишоварзӣ ва зироаткорӣ мекарданд. Рамзи баракату фаровонӣдар шаклҳои мухталиф дар фарҳанги мардуми тоҷик мунъакис гаштааст. Занҳои тоҷик ҳангоми пухтани ғизои наврӯзӣ- сангчаҳоро ба дег меандозанд, ки рам-зи фаровонӣ ва файзу баракат ба шумор меравад. Дар бисёр ҷойхо ба деги су-манак ба ҷои сангчаҳо 7 дона чормағзмеандохгаанд. Хурокҳои анъанавии наврӯзии тоҷиконаслан ғизоҳоянд, ки аз анвои ғалладона пухта мешаванд. Чунончи, дар иоҳияи Ҳисор аз гандуми куфта, нахуд, лубиё вабаъзе гиёҳҳои хуштаъм ба монанди райҳон, пудина, шулха, чаъфарӣ, пиёз ва ғайра гандумкуча мепазанд, ки онро дар дигар минтакахо далда (Кулоб), кашк (Яғноб), бон (Бадахшон) гуча (дар Панчакент) ва ғайра меноманд. Хуроки мазкур, ки аз хубубиёт ва гиёҳҳо таҳия мегардад, рамзи фаровонии ҳосили кишоварзи соли нав ва инчунин ғизои солимро ифода мекунад. Рӯзи Наврӯз дар бисёр манотиқи тоҷикнишин дегҳоро пур карда, оши палав ва гандумкуча мепухтанд ва бо ин амал онхо орзу мекарданд, ки тамоми сол серию пурӣ ва пурфайзу баракат бошад. Аз омадани Наврӯз пеш аз ҳама бачагон бо иҷрои маросими шодии гулгардонӣба дигарон хабар медиҳанд. Онхо як-ду хафта қабл аз Наврӯз гуруҳ шуда, ба куҳу пуштаҳо рафта гулҳои баҳорӣ: сиёҳгуш ва гули зардакро чида ба деҳа меоранд ва хона ба хона гашта ба мардум сурудхонон муждаи омадани Наврӯзро мерасонанд. Сохибхонаҳо гулҳоро буй кашидаву ба чашм мемоланд ва ба бачаҳо кулчаю қанду мавиз, дар баъзе чойҳо гандуму нахуд медианд.